Шарҳи муфассал
Раванди истеҳсолоти кӯҳӣ
Ҷараёни истихроҷе, ки мо истифода мебарем, ин ишқорронӣ бо сианид, ки баъдан раванди таҳшини он ба руҳ дар заводи Меррилл-Кроу (Merrill-Crowe) ба амал меояд, мебошад. Дар раванди истеҳсолот маҳлул истифода бурда мешавад, ки он дар даври истеҳсолӣ бе партови зарарнок давр зада, ба муҳити атроф ягон зарар намеорад. Барои ҳифз намудани муҳити атроф аз сианид, дар майдони тӯдаи ишқорронӣ зермонак аз полиэтилени зиччиаш баланд истифода бурда мешавад. Сианиди натрий ҳамчун хлор дар дохили ҳавз буда, бо мурури замон ва аз таъсири нури офтоб тез вайрон мешавад, ки пас аз ба анҷом расидани корҳо, тозакунии он осон ва қуллай буда, ба муҳити атроф безарар мебошад.
Минтақаи истеҳсолӣ
Минтақаи истеҳсолии Канҷол дар масофаи 17 км аз шаҳри Истиқлол дар баландии 1500 м аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Дар он ҷо заводи Меррилл-Кроу, майдони тӯдаи ишқорронӣ, обанбор, анбори ҳифзшаванда барои сианиди натрий, хонаҳои хоб ва истироҳат барои коргарон ва посбонон, ошхона, ҳамомхонаҳо дар як мавзеъ ҷойгир шудаанд, ки он дар ҳудуди 1км панҷарабандӣ карда шудааст.
Майдони тӯдаи ишқорронӣ
Майдони тӯдаи ишқорроние, ки сианиди натрий истифода мебарад, ҳамчун қисми якуми ҷараёни истихроҷи хокаи нуқра дар минтақаи истеҳсолии Канҷол ба ҳисоб меравад. Майдон тӯдаи ишқорронӣ дар дохили ландшафт ҷойгир шуда, бо табиати атроф ҳамҷоя шудааст. Нуқрафом тадриҷан майдони калони тӯдаи ишқорронӣ месозад, ки номи ҳар як майдонро Тӯда: Тӯдаи 1, Тӯдаи 2 ва ғ. номгузорӣ менамояд. Минтақа имконияти ташкили 15 майдонро дорад, ки метавонад 600 000 тонна дар бар гирифта, имконияти дар оянда васеъ намудани он, танҳо бо истифодабарии водии дигар, имконпазир мегардонад.
Заводи Меррилл-Кроу
Меррилл-Кроу – заводи таҳшинкунӣ ба хокаи руҳ, ҳамчун қисми дуюми ҷараёни истихроҷи хокаи нуқра ба ҳисоб меравад. Нуқрафом яке аз ширкатҳои аввалине, ки технологияи мазкурро истифода мебарад, ва он, ҳамчун мутахассиси тоҷик ба дигар истихроҷкунандагон маслиҳатҳо медиҳад.
Хокаи нуқра
Нуқрафом хокаи нуқраро истеҳсол менамояд, ки он намуди маҳсулоти ғанигардонидашуда дошта, хусусияти ба Доре бар монандӣ дорад. Ранги хока хокистаррангу дар таркибаш аз 40 то 60% нуқра дошта, боқимонада асосан аз руҳ ва изҳои тилло ва дигар металлҳо иборат аст. Хокаи нуқра дар коргоҳ пеш аз ба фурӯш рафтан, майда ва хушк карда мешавад. Ширкати Нуқрафом оиди хизматрасониҳои агентӣ бо якчанд шарикон дар тамоми дунё созишномаҳо ба имзо расонид. Конрад Патнерс (Conrad Partners), Гонконг, ҷамъиятро ба ширкати ЧБР Рековери (JBR Recovery), Британияи Кабир муаррифӣ намуд, ки он дар навбати худ, қисми зиёди хокаи нуқраи ҷамъиятро қабул намуд.