Маълумот оиди коргоҳ
ҶДММ Нуқрафом 27 апрели соли 2011 бо мақсади истихроҷи металлҳои қимматбаҳо аз кони қадимтарини Канҷол ташкил шуда, ширкати Швейтсарии «Силверхил Ресорсес» соҳиби кулли он мебошад. Ҷамъият аз технологияи навтарини усули Меррилл-Кроу истифода мебарад, ки дар ин ҷараён, ишқорронии майдончаҳои ишқорронии зич бо сианиди натрий ба амал оварда шуда, баъдан раванди таҳшинии он бо руҳ вуқӯъ мегирад. Бинои маъмурии он дар шаҳри Истиқлол, собиқ Табошар, ҷойгир шудааст. Минтақаи истеҳсолӣ дар масофаи 17 км дуртар аз шаҳр дар назди минтақаи Канҷол - як деҳаи хурди куҳӣ, дар баландии 1 500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, дастрасӣ ба он бо роҳи ноҳамвор сурат мегирад. Дар мавзеъ заводи Меррилл-Кроу, майдони тӯдаи ишқорронӣ, анбори ҳифзшавандаи сианиди натрий, хонаҳои хоб барои коргарон ва посбонон ҷойгир шудаанд. Дастовардҳои Нуқрафом дар 8 соли охир ин истеҳсоли маҳсулоти сифатнок, барпо намудани майдони амалкунандаи пурраи истеҳсолӣ, таъмири пурраи бинои маъмурии коргоҳ, тадриҷан беҳтар намудани сатҳи зиндагии сокинони маҳаллӣ дар минтақаи Канҷол ва ш. Истиқлол, мебошад.
Марҳилаҳои асосӣ
2019 - Нуқрафом ба истифодабарии обёрии қатрагӣ дар фасли зимистон шурӯъ намуда, моҳҳои феврал ва март ба истеҳсолнокии пурра ноил гардид.
2018 - Нуқрафом маъдани баландсифатро дарёфт намуд, ва тавонист истеҳсолотро то 24 соат дар як рӯз ва 10 моҳ дар як сол баланд бардорад. Ин ба афзоиши ҳаҷми истеҳсолот овард, ки 2 602 кг нуқра ва 3,1 кг тиллоро ташкил дод.
2017 - Нуқрафом раванди истеҳсолиро беҳтар намуда, то 4,0 тонна хокаи нуқра, бо таркиби 2 077 кг нуқра, ба даст овард.
2016 - Нуқрафом дар масофаи 9 км хати барқиро то минтақаи истеҳсолии Канҷол гузаронид, ва хаҷми пурраи истеҳсолотро оғоз намуд, ки 2,8 тонна хокаи нуқра бо таркиби 1 611 кг нуқраро ташкил дод.
2015 - Нуқрафом санҷиши бомуваффақияти ҳамаи таҷҳизот ва раванди технологиро гузаронд, ки он ба истеҳсолоти санҷишии 2,6 тонна хокаи нуқрадор бо таркиби 886 кг нуқра, овард.
2014 - Нуқрафом идораи ҷамъиятро аз ш. Хуҷанд ба ш. Истиқлол ҷой иваз намуд ва ҳамаи корҳои сохтмониро дар заводи Меррилл-Кроу дар минтақаи Канҷол ба итмом расонид.
2013 - Нуқрафом идораи ҷамъиятро аз ш. Душанбе ба ш. Хуҷанд ҷой иваз намуд. Бо мақсади тасдиқ намудани ҷараёни беҳтарини истихроҷи маъдан, аз тарафи ширкати Вордел Армстронг Интернешнл (Wardell Armstrong International) Англия, тадқиқоти техники –иқтисодӣ гузаронида шуд.
2012 - Нуқрафом иҷозатнома барои истихроҷи нуқра ва дигар металлҳои ҳамроҳ аз эфелҳо ва партовгоҳи кони Канҷолро ба даст овард.
2011 - Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Нуқрафом таъсис ёфта, идораи он дар ш. Душанбе ба қайди давлатӣ гирифта шуд.
12 августи соли 2016, Нуқрафом маросими расмии кушодашавии корхонаи истеҳсолиашро дар минтақаи Канҷол, гузаронид. Минтақаи истеҳсолии Канҷол дар масофаи 17 км дар шарқ аз ҷои ҷойгиршавии бинои маъмурии корхона дар ш. Истиқлол, ҷойгир буда, дар масофаи 30 км дар самти шимолӣ аз Хуҷанд ҷойгир аст. Дар ҷамъият хайати кормандонро бештар аз 62 нафар ташкил дода, ҳамунин 20 нафар кормандони хизматрасон ва пудратчиён фаъолият менамоянд.
Маълумот барои тамос
Идора
- Суроға: кӯчаи Средний 21, ш. Истиқлол 735731, Тоҷикистон
- Телефон: +992 3465 26177
- Суроғаи Эл: info@nukrafom.com
Рӯзҳои корӣ
- Душанбе – Шанбе - 8:30 то 17:00
- Якшанбе- истироҳат